Фасли якум
Кӯдаки деринтизор ба дунё омад
Рӯзе як писараке ба дунё омад. Писараке, ки таваллуди он ҳамаашро аз доира баровард. Ӯро Наримон мегуфтанд. Наримон писараки ғайриоддӣ буд. Ӯ зурриёди иблис ва инсон буд, ки падари ӯ яке аз иблисҳо, модар бошад, як зан. Дар вуҷуди Наримон ду зот мубориза мебурд, инсон ва иблис. Ҳама медонист, ки аз ин ду қувва якеаш ғолиб меояд ва Наримон дар тарафи ҳамон ғолиб мешавад. Аммо худи Наримон кӣ шудан мехоҳад? Инсон ё иблис? Хисдатҳои иблисӣ пурқудраттаранд ё инсонӣ? Зулмот ғолиб мегардад ё равшанӣ?
Падари Наримон ба қудрати калон соҳиб буд. Ӯ Камар ном дошт. Гарчанде, Камар иблис бошад ҳам, аз намуди зоҳирӣ ба иблис монанд набуд. Ӯ чашмон ва мӯйҳои сиёҳ, қаду қомати боқувват ва тақрибан чилу панҷ сола менамуд.
Модар бошад як инсони оддӣ буд. Ӯ Мариям ном дошта, мӯйҳои ҷингилаи норинҷӣ, чашмони ҷигарии паст, қадду қомати хароб дошт. Пас аз таваллуди Наримон Мариям писарашро гирифта, ба шаҳри дигар бо он мақсаде, ки Камар онҳоро наёбад, рафт. Мариям медонист, ки агар Камар Наримонро ёбад, ба мамлакати иблисҳо мебарад. Ба он ҷое, ки зулмот ва беадолатӣ ҳукмронӣ мекунад. Он ҷое, ки меҳру муҳаббат, орзую умедро намедонанд. Он ҷое, ки иблисҳои ба хун ташна зиндагӣ мекунанд. Мариям метарсид, ки писараш дар тарафи онҳо мешавад..
Як шаб ба назди хонаи Мариям як паррандаи калони уқобмонанди сиёҳ, ки чашмони даҳшатноки зард дошт, парида омад ва ба назди дари хонаи дуошиёна нишаст. Парранда оҳиста баланд шуда, болҳо ва парҳои ӯ ғоиб шуданд ва ӯ ба одам табдил ёфт. Ранги зарди чашмон оҳиста ғоиб гаштанд. Ӯ Камар буд, ки дар тан либоси сиёҳи дароз дошт. Камар ба хонаи Мариям омад. Ӯ дасташро дароз карду ба дар дасташро нарасонд, аммо дар худ аз худ кушода шуд. Камар оҳиста ба хона даромад. Хона тип – торик буд ва чизеро дида намешуд. Камар дасти росташро каф ба боло карда кушод ва кафи ӯ оҳиста сурх шуду дар болои каф худ аз худ оташ дар гирифт. Бо равшании ҳамон оташ ӯ оҳиста ба ошиёнаи дуюм, ки ҳуҷраи Мариям буд, баромад. Ба назди ҳуҷра омада кафашро пӯшид ва оташ ғоиб шуд. Камар дастаки дарро дошта, кӯшиш намуд, ки кушояд аммо дар қулф буд. Ӯ ба дастаки дар нигоҳ карда, муддате истод. Чашмони ӯ ба ранги зард табдил ёфтанд, ки гӯё дар даруни чашмон оташ аланга мезад. Дар худ аз худ якбора калон кушода шуд. Вақте, ки Камар даромад, дар он ҷо низ касе набуд ва хуҷра холию торик буд.